БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, деҳаи “Дошмандӣ” вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 вохӯрӣ доир гардид.
Дар он намояндагони ҳизбӣ зимни баромади хеш қайд намуданд, ки пешгирии гароиш аз фарҳанги бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва маҳкум намудани ин падидаи номатлуб дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки вақтҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир мегардад, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст, возеҳу равшан нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Ҳамзамон зимни андешаронӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 сухан рафта, зикр гардид, ки Барномаи ҲХДТ фарогири ҳамаи ҷанбаҳои муҳими ҷомеа буда, барои панҷ соли оянда равона карда шудааст.