
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар деҳаи Боғи зоғон вохӯрӣ доир карданд.
Дар он намояндагони ҳизбӣ зикр намуданд, ки ҲХДТ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” сокинони мамлакатро раҳнамоӣ мекунад. Аз ҷумла қайд гардид, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ қарор дорем ва ҳар яки моро мебояд дар ин рӯз иштироки фаъолона карда, бо овози худ ба тақдири ояндаи неки фарзандонамон саҳми арзанда гузорем.