БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо сокинони маҳал ва ҷалби сокинони маҳал дар амалисозии сиёсати давлат

ҲАМАДОНӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Сафарали Мусофиров, Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров  бо аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди шуъбаи молия вохӯрӣ гузарониданд.

Гадоӣ Сайдалиев оид ба Даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханрони кард. Фирўз Пиров бошад дар назди иштирокдорон оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбат кард.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар охири вохӯрии худ бо тарзи ҳуҷҷатгузории масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шуъбаи молия шинос шуда барои камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои манфиатдорро пешниҳод карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg