БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДЕША. ҲХДТҳамчун ҳизби зодаи истиқлол ва ҳамчун ҳизбӣ ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик мебошад. Тавре зикр намудем, ҲХДТ дар заминаи таърихи дурру дарози талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани худшиносӣ  ва соҳибистиқлолии хеш арзи вуҷуд кард ва имрӯз ҳазорҳо фарзандони содиқи Ватан шомили он мебошад.

Бояд гуфт, ки дар давоми 25 – соли фаъолияти хеш ҲХДТ дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафту ободонии кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ роҳи пуршараферо тай карда, имрӯзҳо ба як нерӯи писандидаи сиёсии кишвар табдил ёфтааст.

Маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода, яъне интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, барои мо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ҳамчун санҷишҳои навбатии ҷиддӣ, кӯшишу заҳмат ва меҳнату талошҳои зиёдеро тақозо дорад.

Аз ин рӯ бо омодагии пухта ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил намудан ва гузаронидани ин чорабинӣ вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии ҳар як фаъоли ҷомеа мебошад.

Мо бояд мардумро тавре роҳнамои созем, ки ҳама якдилона барои мустаҳакамии давлатдории хеш ва шукуфоии кишвари маҳбубамон овозҳои худро дода, сиёсати имрӯзаи давлатамонро сарҷаъмона ҷонибдорӣ намоем.

Ҳар як узви ҳизби мо худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург эҳсос мекунад, ки масъулияти созандагию бунёдкорири ба душ гирифтааст.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсадҳоямон дар таҳкими ҳамраъйии ҳизбӣ бо қувваи дучанд заҳмат кашида, барои наслҳои оянда қарзи виҷдониву инсони ва ватандӯстиро мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем.

Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Аҷумани Х111 уми ҲХДТ қайд карданд, ки ҳар як узви ҳизби  мо худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург бояд эҳсос  кунад ва дар ин роҳ талоши софдилона намояд.

Воҳидова Дилафрӯз, муовини мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg