БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ СИЁСӢ

АНДЕША. «Ҳизбҳои сиёсӣ барои ташшакул ва ифодаи иродаи халқ фаъолият намуда, ҳар яке аз онҳо ҷиҳати ба даст овардани боварии мардум ба майдони сиёсат ворид мешаванд. Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд рияву ҳифз шудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқадастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гуруҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад.

    Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва  мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд ». Эмомалӣ Раҳмон.

      Аз баски дар пеш маъракаи сиёсӣ, интихобӣ вакилони халқ дар  тобеъӣ Ҷумҳурӣ  шуда мегузарад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия,    баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Чӣ тавре, ки дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шуд: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад ». ҲХДТ бо номзадҳои арзандаи худ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо пайваста бо интихобкунандагон вохӯриҳо анҷом дода, дархост, хоҳиш ва талаботҳои онҳоро шунида, дар ин замина ба барномаҳои пешазинтихоботии худ тағйирот ворид менамоянд. Аз ин рӯ, интихобот – омили асосии тавсеаи муносибатҳои байни ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад. Мо кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  барои амалишавии ҷадвалҳои баргузории вохӯриҳу суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботӣ дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» талош карда, сари вақт онҳоро иҷро менамоем.

Қурбонов Абдулҳафиз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg