БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ САРЧАШМАИ САВОДНОККУНОНИИ НАСЛИ НАВРАС

АНДЕША. Аз баски соҳаи маориф сарчашмаи саводноккунонии насли наврас ба ҳисоб меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат дониста, пешрафти ҷомеъа ва рушди устувори иқтисодиёти кишварро бо ин соҳа алоқаманд  медонад. Тавре Пешвои муаззами миллат дар паёмашон кайд карданд: «Ҳукумат пайваста ба соҳаи маориф эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳа нигаронида мешаванд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро  хӯрем». Маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон туллӣ солҳои охир дар мамлакат хазорҳо  мактабҳои наву замонавӣ ва муассисаҳои томактаби мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд, ва ин раванд идома ёфта то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад. Мувофиқи назарсанҷӣ, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба  кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон  аз рӯи 4 нишондиҳанда: 1.дастрасӣ ба таҳсилот, 2.сифати таҳсилот, 3.сармояи инсонӣ ва 4.қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон  ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯйи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои мувафақро ишғол мекунад. Соҳаи илму маориф самти худро барои таҳсилоти босифат, аз ҷумла  таҳсилоти олӣ барои ҳамаи намояндагони  соҳаҳои  иҷтимоии ҷомеъа фароҳам овардааст. Бо вуҷуди ин Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  вазифадор гардиданд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ ва томактабиро то соли 2021 ба 30% расонидани фарогирии кӯдаконро  ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд. Дар ин баробар мо аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ – ро лозим аст, ки ҳарчи бештар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи худро равона намоем.

Қузиева Маҳфуза, номзад ба вкили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз ҳавзаи интихоботии №18

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg