АНДЕША. Агар новобаста ба шароити иқтисодиву иҷтимоӣ фард барои дурусту нек ба роҳ мондани ҳаёти худ ҷаҳд кунад, он гоҳ мусаллам аст, ки ҷисмашро аз ҳар гунна оризаҳо ва бемориҳои сироятии шадиду музмин эмин медорад. Танҳо барои пеш бурдани ҳаёти солим нигоҳи хайру дилбастагӣ нисбат ба ҳаёти хеш бояд дошт.
Шахсони гирифторшуда ба бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ/СПИД) дар орзуҳои ҳаёти ширинанд, чунки дар вартаи нобасомониҳои рӯзгори хеш қарор доранд. Он нафароне, ки ба ҳаёти хатарнок наздик шудан мехоҳанд, бояд донанд, ки «худкардаро даво нест». Умри инсони кӯтоҳ аст ва онро тавре бояд сипари намуд, аз он шаҳд чаши на ранҷ.
Мутаасифона барои ҷавонони кишвар муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисодии оилаашон инчунин омили мусоидаткунанда ба афзоиши бемории вируси норасоии масунияти одам гардидааст. Аз ин ру волидон бояд дар тарбияи ахлоқии фарзандон хело мушоҳидакор бошанд ва дар айни замон ҳангоми башавҳар додани духтарон ба домоди дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта эҳтиёткор бошанд ва аз муоинаи тиббӣ гузаштанашонро назорат намоянд.
Вируси норасоии масунияти одам бо се роҳ ба организми инсон ворид гардида шахсро мубталои бемори мегарданд.
Тазриқӣ ё ин ки аз хуни сироятёфта
Алоқаи ҷинсии бе истифода аз рифола
Аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми таваллуд ва маконидани шири сина.
Сирояти ВНМО аз рафтору кирдори ҳар як шахс вобастагии калон дорад.
Боиси зикр аст, ки ин бемори бо дастфишорӣ, ба оғуш гирфтан, бӯсидан, асбобоҳои рӯзгор, ҳангоми неш задани ҳашароти хунмак, газидани ҳайвонот ва нигоҳубини беморон намегузарад. Шояд суоле зеҳни ҳамагонро фарогир шавад, ки чӣ гуна ин сироятро пешгири намудан лозим аст.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ чунин маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамоянд:
-Баланд бардоштани савияи дониши аҳоли нисбати ВНМО;
-Пеша намудани тарзи ҳаёти солим;
-Тарбияи рӯҳию ахлоқӣ;
-Дур будан аз одатҳои бад;
Сари вақт гузаштан аз муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, занони ҳомиладор ва муҳоҷирони меҳнатӣ.
Мо мутахассисони соҳаи тандурустӣ вазифадорем, ки ба самъи ҷомеа расонем, ки «Саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост!».
Буриев Маҳмаддовуд-номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон а ҳавзаи интихоботии №1.