БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО БАРНОМАҲОИ ВАКИЛОН ШИНОС ГАРДИДАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар  Кохи фарҳанги  ноҳияи  Носири  Хусрав   вохӯрии  номзади   пешбаришуда ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҳавзаи  ягонаи   умумиҷумҳуриявӣ  дар  Анҷумани  Х111 ҲХДТ  Назаров Файзалӣ Насруллоевич ва  ҳамчунин  дар  ҳавзаи  интихоботии  якмандатаи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҳавзаи  интихоботии  «Қубодиён №31»   Файзуллозода  Зафар  Хайрулло ва дар  ҳавзаи  интихоботии  Маҷлиси  вакилони  халқи  вилояти  Хатлон  «Носири  Хусрав №13»  Нишонзода  Даврон  Назаралӣ   бо интихобкунандагон  баргузор  гардид.

Роҳбарияти   Кумитаи  иҷроия  ҷаласаро  ифтитоҳ  намуда,   мақсад аз баргузории вохӯриро ба ҳамагон фаҳмонид. Сипас, номзад  ба  вакилӣ  оид  ба  Барномаи  пешазинтихоботии   ҲХДТ, ки он самтҳои  муҳимтарини   рушди  мамлакат  дар  солҳои 2020-2025 зери  шиори «Барои  пешрафт ва  зиндагии  шоистаи мардум»-ро дар бар мегирад, андешаронӣ намуд.

Шахсони  боэтимоди  номазадҳо  ба  вакили  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси    Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  ҳавзаи   якмандатаи  интихоботӣ  “Қубодиён № 31”  ва  ҳавзаи  интихоботии  Маҷлиси  маҳалии  вакилони  халқи  вилояти  Хатлон   “Носири  Хусрав  № 13” баромад  намуда, оид  ба  фаъолияти  меҳнатӣ  ва  саҳми  гузоштани  онҳо  дар  рушду  нумуи ҷомеа суханронӣ  карданд.

Дар охир номзадҳои пешбаришуда   дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро бо барномаи таҳиякардаашон шинос намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg