БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОСОИИ НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ҲХДТ БО МАРДУМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори  муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 62 -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия  Саиди Ёқубзод, роҳбарияти  Кумитаи иҷроия,  раиси комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби  вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар ҳавзаи №28 ва дигар шахсони даъватӣ  бо интихобкунандагон гузаронида шуд.

Ҷамъомадро раиси комиссияи ҳавзаи №28-и  ноҳия кушода, оид ба риоя намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  суханронӣ намуд. 

Сипас, роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар суханрониаш аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ, корнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҲХДТ дар даврони Истиқлолият, мақом  ва обрӯю нуфузи ҲХДТ ва аъзои он дар ҷомеа ёдовар шуд. Ҳамзамон мавсуф оид ба  ҳадафҳои созандаи ҳизб ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 сухан карда, ҳозиринро барои ба таври шаффоф, озод ва демократӣ ташкил намудану гузаронидани интихобот ва иштироки фаъолонаи иштирок намудан дар ин маъракаи муҳими сиёсию тақдирсози кишвар даъват намуд.  Дар ин вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 28  Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзади мазкурро ба мардум муаррифӣ намуд.

Инчунин,  номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло баромад намуда, дар рафти шиносоӣ бо мардум аз рӯи касбияташ, ки табиб мебошад, оид ба беҳдошти солимии мардум, баланд бардоштани маърифати саломатии аҳолӣ, пешгирии фарбеҳшавӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии бемориҳои қанд ва дилу рагҳо дар байни мардум, ки ба барномаи пешазинтихоботиаш вобастагӣ дорад, дастуру тавсияҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg