БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИРО ДАР САМТИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ МУҲИМ МЕШУМОРАД

ҲАМАДОНӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ  қайд карданд, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем. Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос,  дар марказҳои таълимии калонсолон ва аз рӯйи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 166 ихтсос, дар маҷмӯъ, 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 % кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили  кишвар мебошад. Оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ  қайд гардид, ки ҲХДТ тақвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳувияти шаҳрвандӣ муҳим шуморида, густариши онҳоро дар ҷомеа аз шартҳои зарурии рушди соҳибихиёрии давлатӣ медонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg