Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Қаҳрамон»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд. Қайд гардид, ки Паёми навбатии Сарвари давлат фарогири тамоми масъалаҳои рӯз буда, бо дарназардошти протсесҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар манотиқи дигари ҷаҳон ва нигоҳи вокеъбинона ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлату ҳукумат муфассал баён гардиданд. Паёми имсоларо метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он қайд карда шуданд саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоистаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда аст.