ПАНҶ. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Сармантой-2» баргузор гардида, дар он Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар он атрофи пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш суханронӣ намуданд.
Дар охир аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд: «Дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем».