ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии "Маркази мубориза бар зидди ВНМО”–и ноҳия вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон шарҳ доданд.
Зимнан нисбати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад ва маҳз он сиёсати “Дарҳои боз” – ро тақвият мебахшад, суханронӣ карданд.