БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-БАЁНГАРИ АНДЕШАҲОИ СОЗАНДА!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо дар  ташкилоти ибтидоии “Хумдон”-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъа  ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатӣ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин  баромад намуда, нухуст, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, иброз доштанд, ки Паёми Президенти кишвар пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобарин ҳар як сокини мамлакат аз Паём вазифаҳои  худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он талош намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg