БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЙРИ ХУДРО БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ САФАРБАР МЕСОЗЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти Нав”-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми имсола хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот мавсуф дар бораи моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода,  қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ қарор дода шуда, мо шаҳрвандони масъуро зарур астбаҳри татбиқи он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар охир пули (купруки) одамгузар, ки бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ ва дастгирии сокинон  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сохта шуда буд,  ба истифода дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg