БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робита бо сокинони маҳал бо мақсади таъмини амнияту субот дар ҷомеа

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Санаи 19-апрели соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Рахмон Азим, ва Сохибов Хуршед-раиси ташкилоти ибтидоии «Матлубот» вохӯрии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷоннок намудани кору фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидои, пурзур намудани кору фаъолияти гуруҳҳои таблиғотӣ, инчунин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханрони намуд.

Пас аз баргузории вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим бо тарзи хуҷҷатгузорӣ, насби шиору овезаҳои хизбии ташкилоти ибтидоии «Матлубот» шинос шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg