МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таблиғу ташвиқ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва дигар интихобкунандагон вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар интихобот иштирок ва овози ҳар як фарди ояндасоз ва равшанзамир, хусусан ҷавононе, ки бори аввал дар раванди интихобот иштирок мекунанд, муҳим буда, бо ин мо ҷавонон метавонем аввалин қадамҳои созандаи худро дар рушди Ватани азизи худ гузорем ва ҳамчун «Созандагони Ватан» дар интихоби дурусти ояндаи худ ҳиссагузор бошем.
Ҳамзамон, дар доираи ин суҳбат ба сокинон нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» тақсим карда шуда.
Дар охир аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят шуданд.