МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар деҳаи «Фурӯзоба»-и Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо аъзои ҳизб ва дигар интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои вакилони халқ вохӯрӣ доир карданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин суҳбат ба сокинон нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» тақсим карда шуда.
Дар охир аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят шуданд.