КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо интихобкунандагони ҷавон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, инчунин, шахси боэътимоди номзад, саромӯзгори ДДК Шоинов Ҳасан иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, маҷлисро Ҳамидиён Орзу кушода, суханро ба шахси бовариноки номзад Шоинов Ҳасан дод. Шоинов Ҳасан вобаста ба тарҷумаи ҳоли номзад ибрози андеша карда, номзадро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҳакимзода Шариф Саидович дар навбати худ вобаста ба барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 сарчашма мегирад, ба саҳми интихобкунандагон расонид.
Дар фарҷом иштирокдорон ба номзад саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.