ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ӯтақара Назаров, Ишмурод Ниёзов ва Заркамари ноҳияи Қубодиён вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии Ҷалолиддини “Балхӣ № 30” Холиқзода Ҳокимшо бо интихобкунандагон вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Дар маҷлис доир ба шахсият ва фаъолияти кории номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳокимшо маълумоти муфассал дода шуда, ҳамагон бо Барномаи вакили пешбаришуда шинос гардиданд.
Дар охир аз ҷониби масъулин атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва Барномаи ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, зикр гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, вазифаи ҳар як мо шаҳрвандон мебошад.