БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ РОҲНАМОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА ДАР МАҲАЛ

Ҷ.БАЛХӢ.   Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии  навбатӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Чкаловск»-и  Ҷамоати деҳоти Фрунзе и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат  атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Мо сокинони ватандӯстро лозим аст, ин пешниҳоди муҳимро сармашқи кори худ карда, барои боз ҳам  ободу шукуфон шудани маҳали зисти худ талош варзем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg