БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

"Гулзори маърифат" дар ноҳияи Хуросон

ХУРОСОН. Санаи баргузории чорабинӣ боғи фарҳангӣ марказии ноҳияи Хуросонро фазои идона фаро гирифта буд. Дар ин руз бо ташаббуси Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар якҷояги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» ва аъзоёну тарафдорони ҲХДТ, бахшида ба 27-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии фарҳангиву фароғати таҳти унвони «Гӯлзори маърифат» баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси ташкилоти ибитидоии ҳизбии Фарҳангчиён Алиев Сабзали ва дигарон иштироку суханрони карданд.

Дар чорабинии мазкур аз тарафи комиссияи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бозиҳои тениси рӯи миз ва шашкаю шоҳмот миёни наврасон ташкил карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg