БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА ҲАЁТИ ОСОИШТА АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми имсола дар ташкилоти  ибтидоии «Эргашобод»-и  деҳаи  Ёқуб Каримови ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз  мулоқот доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ  дар бораи Паёми имсола ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, аз ҷумла дар бораи  падидаи номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст,  сухан гуфта, зикр намуданд, ки дар замони таъсисёбии ҲХДТ, яъне 25 сол пеш дар ин маврид ҳатто фикр ҳам намекарданд, аҳли фарҳанг ва кормандони ВАО пеш аз ҳама дар фикри ҷони худ буданд. Садҳо фарҳангиён ва журналистони асил аз дасти ифротиён ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Замоне, ки радио ва телевизион ба дасти ифротгароён гузашт, кишварро муддате ба маънои томаш террори иттилоотӣ фаро гирифт. Китобҳо, шабномаҳо ва варақаҳое дар миёни ҷомеа паҳн карда мешуданд, ки боиси иғво, фитна ва якдигарбадбинӣ миёни ҷомеа мегардид. Ҳама дар симои ҳамдигар душманро медиданд, фазои нобоварӣ дар ҷомеа ҳатто миёни бародар бо бародар ва падару фарзанд ба вуҷуд омада буд.  Аз ин хотир мо шаҳрвандони асилро зарур аст, барои решакан кардани ин падидаи  номатлуб дастаҷамъона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе бо амалҳои ғаразнокаш вориди фазои сулҳу суботи мо гардад. Сипас, дар қисмати амалии чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳандозӣ гардида, сокинон баҳри боз ҳам хурраму сабзпӯш шудани  меҳан ба шинонидани дарахтони ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда ва  гулҳои рангоранги баҳорӣ машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg