БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ХОВАЛИНГ. Бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ дар деҳаи Зардакии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъомад доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин мутахассии шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон И.Саидмаҳмудов баромад намуд.

Дар баромад ҳачунин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ, хатари терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, майл ба фарҳанги бегона, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва моҳияти хизмат дар сафҳои артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ сухан кард.

Дар маҷлис сокинони деҳа С. Ғиёсов, М. Маҳмадов, Д. Эмомова баромад намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро самти фаъолияти ҳар як сокини бошарафи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, омодагии хешро дар кори амалӣ ва татбиқ намудани онҳо изҳор доштанд.

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg