Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо интихобкунандагони деҳаи Киштии Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Маҳмудов атрофи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, алалхусус интихобот-2020, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ташкил медиҳад, андешаронӣ намуда, қайд кард,ки таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки ҲХДТ ба шумор меравад. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самраноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораандешӣ карда мешавад.
Инчунин, мавсуф зимни суханрониаш сокинонро ба якдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ ва интихоби дурусти номзадҳои арзанда таъкид сохт.