БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ: ТАҲКИМИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии “Сайроб ” -и  Ҷамоати деҳоти  “50-солагии Тоҷикистон” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

Дар  мулоқоти мазкур  масъулин  оид ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи дарпешистода ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  баромад  намуда, қайд карданд, ки “ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи  озоди  мардум  дониста,  барои пешрафти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.” Ҳамчунин,  дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон дар бораи оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”  дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ ва бунёди инфрасохтори нақлиёт барои кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ суханронӣ намуданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg