БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии  “Мирзообод” -и  Ҷамоати деҳоти  Калинин и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бобати расонидани  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суҳбату вохӯриҳо доир гардид.

Дар  мулоқоти мазкур  масъулин  оид ба масъалаҳои ҷалби ҷавонон ва занону калонсолон ба касбу ҳунаромӯзӣ, дар як сол на кам аз 5 китоб мутолиа намудани ҳар як шаҳрванд, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва  хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди мактаб ва боғчаву кӯдакистонҳо,  диққати ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намудан суханронӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки  дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат дар бораи интихобот чунин иброз доштанд, ки “Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошанд.” Ва инчунин ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ  дар интихобот ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодона ширкат варзиданро дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg