БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ БАҲРИ ОЯНДАСОЗИИ ҶОМЕА

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти  ибтидоии  “1-Май ” -и  Ҷамоати деҳоти  “50 - солагии Тоҷикистон” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин  оид ба  масъалаҳои дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ овардашуда, аз ҷумла таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани синфи миёнаи аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёмашон оид ба соҳаи саноат чунин таъкид карданд, ки  “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.”  Дар анҷоми мулоқот сокинон ба маъракаи муҳимми сиёсӣ- интихоботи дарпешистода фаъолона ва ба таври шаффофу демократӣ баргузор намудан даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg