ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ» бо интихобкунандагон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар рафти вохӯрӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки масъалаҳои рақобатпазир гардонидани соҳаи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони забондон, бархӯрдор гаштан аз фарҳангу таърих, технологияи муосир дар Паём махсус таъкид гардид. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба хотири рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, муарифии ҳар чӣ бештари кишвар, сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва дигар идораву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд аҳлона фаъолият намоянд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, оид ба мосоили азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар нуктаҳои дар Паём зикргардида суханронӣ карда шуд.