Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва Барномаи пеазинтихоботии ҲХДТ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки мақсади ироаи Паём аз он иборат аст, ки ҳар сокини кишвар вазифаи худро аз он дар роҳи давлатсозию ватандорӣ ба таври амиқу дақиқ муайян ва дар амал татбиқ месозад. Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст.
Инчунин, дар идома оид ба эълон гаштани Солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», тарбияи дурусти насли наврас, ҳадафҳои стратегии давлат андешаронӣ карда шуд.