БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  Бобоқул  Хидирови   участкаи  интихоботии  №  18-и   ноҳияи  Носири  Хусрав вохӯрии  номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  вакилони  ноҳия  бо  интихобкунандагон  баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат   муҳтавои   Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  ва  номзадҳои  онро  шарҳу  тавзеҳ дода,   қайд  карданд, ки   дар  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қайд гардидааст, ки  дар кишварамон ба  пешрафти   соҳаҳои  илму  маориф афзалияти  аввалиндараҷа  дода  мешавад. Зеро   онҳо  дар  таҳкими  пояҳои  давлатдории  демократӣ  ва  ҳуқуқбунёду  дунявӣ нақши  калидӣ  мебозанд. Инчунин,  масъулин таъкид  намуданд, ки  номзадҳои  пешбаришуда аз ҳизб  мутахассисони  соҳаҳои  гуногуни  хоҷагии  халқ, шахсони  касбу  кори  гуногун буда,  дар  вазифаҳои  мухталиф   кору  фаъолият  доранд. Онҳо  шахсони ботаҷриба, обрӯманд  ва  ватандӯсту поквиҷдон  мебошанд. Дар охир оид  ба  татбиқи  қисмати амалии  Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  дар  гирду  атрофи   бинои  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  14  аз  ҳисоби  номзад  ба  вакилӣ  дарахтони  ороишӣ  ва  ҳамешасабз  ба  миқдори   120  бех шинонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg