БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ - қадами устувори татбиқи сиёсати роҳбарияти Олии мо!

БОХТАР. Тибқи нақшаи пешбининамудаи вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Кишоварзии вилоят» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ализода Одил оид ба нақши гидроэнергетика, яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор ва манбаи асосии неруи барқ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад. Талаботи мамлакат аз ҳисоби азхудкунии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика, ки имкониятҳои он бузург буда, ба панҷсаду бисту ҳафт миллиард киловат соат баробар аст, қонеъ гардонида мешавад. Айни ҳол Тоҷикистон ҳамагӣ каме зиёдтар аз се фоизи иқтидори гидроэнергетикии худро истифода мебарад.

Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар масъалаҳои истифодабарии оқилонаи захираҳои обу энергетика метавонанд ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намоянд, ки онҳо бевосита аз истифодабарии оқилонаи ин захираҳо вобастагӣ доранд. Сипас  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оид ба илму маориф нишони тамаддун ва таъриху фарҳанг баромад намуда қайд кард, ки Вазорати маориф барои омӯзиш ва таҳлили тағйиру иловаҳое, ки ба стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии таълимгоҳҳои миёна ва олии касбӣ ворид андешарони кард. Дар баробари такмили низоми таълими илмҳои тақвиятдиҳандаи нерӯи зеҳнии хонандагон масъалаи таҷдиди назар кардани мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи меҳнат ва тақвияти раванди касбомӯзӣ, аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад қайд доштанд дар баромади худ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg