ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрии дар ташкилоти ибтидоии “Шехмизон”- и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг гузаронидашуда аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ба ҳозирин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳои аз ҳисоби ҲХДТ пешбаригардида ва Паёми имсола маълумот доданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ буда, озод, шаффоф, демократӣ ва дар доираи қонун гузаронидани он дар баробари он, ки вазифаи давлат аст, ҳамчунин ба масъулиятшиносии ҳар як интихобкунанда вобастагии калон дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат таъкид карда шуд, ки мо ҳар кадом ҳамчун шаҳрванд ва дӯстдори ин Ватан вазифадорем, ки дар рӯзи интихобот ба участкаи интихоботӣ рафта, мавқеи худро муайян созем. Ба тарафдории номзаде, ки дар ҳақиқат арзандаанд, овоз диҳем.
Зеро мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.