ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заркӯҳ” бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ҷиҳати ба интихобкунандагон фаҳмонида додани моҳияти Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва номзадҳои он вохӯрӣ доир карда шуд.
Аз баромадҳо ҳозирин дар бораи муҳтавои Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, рӯзи баргузории интихобот, вазифаҳои интихобкунанда дар доираи Конститутсия ва дигар масъалаҳо оид ба ин ду ҳуҷҷати муҳим ва маъракаҳои сиёсии дарпешистода маълумоти пурра пайдо намуданд.
Дар вохӯрӣ чанд нафар интихобкунандагон сухан карда, ба саволи чаро ба ҷонибдории ҲХДТ ва номзаодҳои он овоз доданашонро возеҳ баён намуданд.
Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба оилаи ниёзманд Раҷаб Ҳусейнов кумаки моддӣ расонида шуд.