БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪРИХИ ПУРИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДШИНОСӢ МЕБОШАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамзамин»-и Ҷамоати деҳоти Фархор хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ масъулин кайд намуданд, ки дар самти боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллии сокинони мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандон ва масъулини мақомотҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки  ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҷойи пӯшида нест, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад, ҳақ ҷониби Пешвои миллат аст, ки гуфтанд: “Мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”. Албатта, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg