БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ҲХДТ БАЁНГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ИДЕЯҲОИ СОЗАНДА

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар  ташкилоти ибтидоии “Қазоқ”   вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ  баргузор  гардид. 

Инчунин, дар ин мулоқот  аъзои  гурӯҳи  тарғиботӣ  аз  ҳисоби    зиёиён  

иштирок дошта, дар бораи  муҳтавои  Паёми  навбатии   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ дар як муддати кӯтоҳ тамоми қишрҳои ҷомеаро ба муваффақона амалӣ шудани барномаҳояш дилпур сохта, барои анҷоми вазифаҳои дарпешгузошташуда муттаҳид намуд. Ин буд, ки баробари ироаи тасмими Раиси муаззами ҲХДТ вобаста ба сохтмони бунёди НБО “Роғун” тамоми мардум ба по хест ва ин иқдом дастгирии саросарӣ ёфт. Гузашти замон ва аллакай ба истифода дода шудани ду агрегати ин иншооти аср бори дигар собит сохт, ки чунин тасмимҳои барномавии ҳизб хеле ҷиддӣ ҳастанд ва ҲХДТ ҳеҷ гоҳ дунболи шиорпартоиҳои хушку холӣ нест.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg