Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ДАР БУНЁДИ НБО-И РОҒУН САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Рушди Манотиқи кӯҳистон” вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ   доир  гардид.

Зимнан дар вохӯрии мазкур масъулин  дар бораи  татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо нерӯи барқ, ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”баромад намуда, иброз доштанд, ки  фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ  тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии нерӯи барқ мусоидат менамояд.

Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур қайд намуд, ки барои сохтмони иншооти бузурги аср нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” саҳмгузоранд ва ҳамчунин баҳри пешрафти давлатамон кор ва фаъолият намуда, дар маъракаи муҳими дарпешистода, яъне интихобот фаъолона иштирок менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg