Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МАҚСАДИ АСОСИИ ҲХДТ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ-2”-и шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинии мазкур қайд гардид, ки воқеан Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари дастоварду комёбиҳои миллат, идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки ҷомеаи моро ба ҳадафҳои бузург ва амалисозии орзуву ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати ватандӯсту худогоҳ, хештаншиносу қавиирода хоҳад расонд.

Инчунин, қайд гардид, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg