Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СОКИНОН БАРОИ ИНТИХОБИ ДУРУСТУ ОҚИЛОНА РАҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

МУЪМИНОБОД.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони  ташкилоти ибтидоии кӯчаи «Асрор»-и ҷамоати шаҳраки Муъминобод вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта,   вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат, ки санаи 26.12.2019 баён гардид, суханронӣ намуда, ҳамагонро  ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд. Инчунин, дар идома раиси ҷамоати шаҳрак оид ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ ибрози ақида карда,  иштирокдоронро  барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  барои  интихоби дурусту оқилона дар раванди интихобот даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg