Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ МИНБАЪДАИ ДАВЛАТ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо интихобкунандагон вохӯриву мулоқот доир мегардад, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо ташвиқу тарғиби моҳияти  Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад.

Чунин ҷамъомад  бо  хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва сокинони деҳаи Куган Гулови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол сурат гирифт.

Масъулин дар вохӯрӣ қайд карданд, ки ҲХДТ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва халқи бошарафи Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” раҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакат, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагӣ сурат гирифтани он вобастагии калон дорад – интихоботи ваклон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Аз ин рӯ дар ин маъракаи муҳим иштироки ҳар як сокини кишвар зарур аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg