БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо маҳал заминагузор ба татбиқи сифатноки ҳадафҳои “Соли рушди сойёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фирӯз Пиров ва Гадоӣ Сайдалиев бо аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Панҷрӯд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрӣ ташкил намуданд.

Гадоӣ Сайдалиев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ва пешоҳанги ҷомеа суханрони кард.Фирӯз Пиров бо аҳли ҷамъомадагон дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” суҳбат намуд.

Кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди ҷамоати Панҷрӯд бо ҳунарҳои мардумие, ки хонандагони МТМУ-и №3 бо дастони  худ сохтаанд дидан намуда ба онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg