Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ИНТИХОБОТ-ПРИНСИПИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии "Дандонпизишкӣ" бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизби шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, иброз доштанд, ки интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бусту ҳашт соли  соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор  гузошта истодааст.  Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар  маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намуда, раъйи худро ба номзадҳои арзанда диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg