БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА БАРОИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зиракӣ”-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар участкаи интихоботии №10-и ҷамоати шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ доир карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат оид ба Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки санаи 13 декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 1917 вакилон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, сухан гуфта, ба ҳамагон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, баррасӣ карда шуда, қайд шуд, ки ҲХДТ, ки худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеа мебошад, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба танзим дарорад. Раванди маъракаҳои муҳими сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg