ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинлхти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деӽаи Ангурзори ҷамоати деӽоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ вохӯрии ҳизбӣ доир шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат, ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра ибрози ақида кард. Дар идома аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки мо омодаем тамоми қувваю нерӯи худро дар амал татбиқ намоем, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами онро дар амал иҷро кунем.