БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

ТЕМУРМАЛИК. Рӯзи 18 апрели соли равон маҷлиси навбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи дуюми соли равон, интихоби аъзои нави КИ ҲХДТ, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вобаста ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоии ва масъалаҳои ҷорӣ шунида шудаанд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини  якуми раиси  ноҳияи Темурмалик Шарофиддинзода Неъматулло бо ҷонибдории аксарияти иштирокчиён аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик интихоб гардид. Ҳамчунин 11-адад қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба қабули 193-нафари дигар ба аъзогии ҲХДТ ва 9-адад қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ роҷеъ ба таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоии ҲХДТ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Дар идомаи маҷлис вобаста ба масъалаи чоруми маҷлис дар вазъияти тантанавӣ ба як гӯруҳ аъзоёни нави ҲХДТ ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Дар кори маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва аъзои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Аслзода Эмомиддин Муҳриддин иштирок ва баромад карда, аъзоёни Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва тамоми ҳозиринро даъват намуд, ки ҷиҳати беҳдошти корҳои ҳизбӣ ва боз хам беҳтар намудани фаъолияти худ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg