БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ БАРНОМА АМАЛИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ДАР ИН ДАВРА ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бонки миллӣ” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва номзадҳои он бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрии ҳизбӣ доир шуд. 

Зимни баромад таъкид шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2010-2020 барнома амали Ҳукумати мамлакат дар ин давра эътироф гардида, бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, оилавӣ, шахсони эҳсонкор, таъсиси шаклҳои алтерантивии муассисаҳои томактабӣ, таъмини муссисаҳои мазкур бо маводи таълимӣ ва таҷҳизоти муосир тадбирҳои доимиву муассир  андешида истодааст. Тайи панҷ соли охир дар як қатор муассисаҳои таълимӣ марказҳои таълимиву истеҳсолӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg