БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии “Бойтории шаҳр” вохӯрии ҳизбӣ доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок дошта, таъкид карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Барномаи амали худро метавонад рушди устувори кишварро дар марҳилаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад, пешниҳод менамояд. ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад.