БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Оби вилоят” вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок дошта, таъкид намуданд, ки дар соли 2020 моро чорабиниҳои муҳими сиёсӣ интизор аст. Яке аз онҳо баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Аъзои ҲХДТ-ро лозим аст, ки дар ин чорабиниҳои муҳим иштироки фаъолона намуда, барои муайян кардани ояндаи давлату миллат бетараф набошем. Зеро интихобот иштироки мардумро дар идораи давлат таъмин намуда, нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.