БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “АСИ ва нафақа” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок дошта, оид ба тарғибу ташвиқи Барономаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашон доир ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик суханронӣ карда, гуфтанд, ки “Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.”