БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ УСТУВОРИ КИШВАР

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар   шаҳри Бохтар оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва Паёми навбатӣ дар  ташкилоти ибтидоии “Мададгор” баргузор гардид.

Зимни  баромади худ масъулин қайд намуданд, ки  дар соли 2020 моро чорабиниҳои муҳими сиёсӣ интизор аст. Яке аз онҳо баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Аъзои ҲХДТ-ро лозим аст, ки дар ин чорабиниҳои муҳим иштироки фаъолона намуда,  барои муайян кардани ояндаи давлату миллат бетараф набошанд. Дар  идома оид ба бахши сиёсати ҷавонон, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  омадааст,  қайд карда шуд, ки  ҷавонон  ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд. Раиси муаззами ҲХДТ бо ибрози ибораи “Ҷавонон  ояндаи миллатанд!”  дубора шӯълаи умед  дар дили  ҷавонон бедор гашт. Ҷавонон  ҳис карданд, ки  онҳо дигар нодаркор нестанд, баръакс  ояндаи халқу давлат маҳз азо нҳо вобастагӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg